Иҷозаи вуридоти то 50 кг бор аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Мақомоти гумруки Тоҷикистон эълон карданд, ки интиқоли маҳсулот аз Ӯзбекистон ба кишвар дар ҳаҷми то 50 кило иҷозат дода шудааст.

Ибтидои моҳи июл хабар дода шуд, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқоли мол сахт маҳдуд шуда, аз ҷумла, як нафар ҳақ дорад, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 10 кило ва баръакс 40 кило маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ ворид кунад.

Вале Каримзода гуфт, интиқоли маҳсулот аз Ӯзбекистон ба кишвар дар ҳаҷми то 50 кило иҷозат аст. сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ки ҳамчунин сокинони ду кишвар метавонанд ба маблағи то як ҳазор доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд. Қарори нав аз 22-юми июл ба иҷро даромада, ба манфиати сокинони Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Ҷаноби Каримзода дар посух ба суоли он ки чаро воридоти тухми мурғ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон манъ шудааст, гуфт, ки воридоти тухми мурғро касе манъ накардааст, аммо ахиран сохторҳои назоратӣ ҳудуди 435 ҳазор дона тухми мурғи воридотӣ аз Узбекистонро ошкор карданд, ки комилан корношоям буд.

Ба гуфтаи вай, тоҷирон тухми мурғро маъмулан дар гузаргоҳҳои марзӣ зери офтоб нигаҳ медоранд, ки дар ниҳоят ин маводи ғизоиро корношоям месозад. «Аммо, воридоти тухми мурғ бо риояи куллияи муқаррароти нигаҳдории ин маҳсулот манъ нашудааст»,-афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *