ИА ба Қирғизистон 8 млн евро медиҳад

Иттиҳоди Аврупо (ИА) 23 декабр барои ҳукумати Қирғизистон ба маблағи 8 млн 50 ҳазор евро грант ҷудо кардааст. Дар ин бора намояндагии ИА дар Бишкек хабар дод.

Ба иттилои намояндагии иттиҳод дар Бишкек, ИА барои дастгирии ҳукумати Қирғизистон дар иҷрои Стратегияи рушди маориф то соли 2020 32 миллион евро ҷудо хоҳад кард.

«Ҳадафи ин барномаи ИА мусоидат дар таҳияи низоми иттилоотии идораи маориф, баланд бардоштани сифати омӯзиш, низоми баҳо додани дастовардҳои донишомӯзон, пешбурди донишомӯзии чандинзабона, беҳсозии идораи пулҳои давлатӣ мебошад. Маблағҳои грантӣ ба харидории китобҳои дарсӣ, сармоягузории беҳтар шудани сифати таълим ва фароҳам кардани Интернет дар мактабҳои Қирғизистон равона хоҳад шуд», — афзудааст манбаъ.

Созишнома дар бораи ҷудо шудани ин грант моҳи июли соли 2019 дар ҷараёни сафари Федерика Могеринӣ, роҳбари умури хориҷии ИА ба Қирғизистон имзо шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *