ИА боздоштҳо дар Москваро маҳкум кард
Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфт, боздошти иштирокдорони тазоҳуроти беиҷозат дар шаҳри Москва ҳуқуқи озодии баён ва ҷамъомадҳоро зери суол бурдааст.
Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфт, боздошти иштирокдорони тазоҳуроти беиҷозат дар шаҳри Москва ҳуқуқи озодии баён ва ҷамъомадҳоро зери суол бурдааст.
«Онҳо ҳуқуқҳои бунёдие ҳастанд, ки дар Конститутсияи Русия дарҷ шудаанд ва умедворем, ҳифз хоҳанд шуд», — изҳор дошт сухангӯи намояндаи олии ИА дар умури хориҷӣ Майя Косянчич.
Мақомоти ИА мегӯянд, аз Русия интизори онро доранд, ки дар ҷараёни интихоботи минтақавӣ уҳдадориҳои худро дар доираи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигар риоя мекунад.
Пештар созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International талаб карда буд, ки ҳамаи боздоштшудаҳо озод ва амали маъмурони ҳифзи ҳуқуқ санҷида шавад.
Рӯзи шанбе дар шаҳри Москваи Русия ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мухолифон ба мақоми вакилии маҷлиси шаҳрӣ тазоҳурот баргузор шуд. Пулис шумори иштирокдорони тазоҳуротро 3500 кас номид. Бино ба гузориши «ОВД-Инфо», аз ин миён 1373 кас, аз ҷумла 42 ноболиғ боздошт шуданд. Дар пароканда кардани тазоҳурот пулис аз нирӯ кор гирифта, дар натиҷа даҳҳо кас захмӣ шуданд.
Номзади мустақил ба мақоми вакилии маҷлиси Москва Иля Яшин, ки натавонист сабти ном шавад, эълом кард, ки 3 август, дар арафаи баррасии шикояташ дар Комиссияи марказии интихоботии Русия тазоҳуротеро баргузор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ