IAAF тими варзиши сабуки Русияро аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон маҳрум кард

Дастаи мунтахаби Русия бори дувум аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук маҳрум шуд. Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) рӯзи душанбе муҳлати қарори манъи иштироки варзишгарони русро дар мусобиқаҳо дубора дароз кард.

Фаъолияти Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук ҳанӯз моҳи ноябри соли 2015 пас аз он қатъ карда шуд, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) дар пайи як санҷиш истифодаи густардаи варзишгарони рус аз доруҳи мамнуи неруфизоро ошкор кард.

Дар натиҷа мунтахаби Русия натавонист дар бозиҳои олимпии 2016 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2017 иштирок кунад. Дар ин мусобиқаҳо зери парчами бетарафӣ танҳо варзишгарони русе рақобат карданд, ки исбот намуданд, доруҳои мамнуъро истифода накардаанд.

Тасмими ахири IAAF дар пасманзари хабарҳо дар бораи эҳтимоли маҳрум шудани намояндагони ҳамаи намуди варзиши Русия аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио гирифта шуд. Озмоишгоҳи зиддидопингии шаҳри Москва ба он гумонбар аст, ки натиҷаи санҷишҳои допингро пеш аз додан ба WADA сохтакорӣ кардааст. Маълумот дар бораи натиҷаи мусбати санҷиши бархе аз варзишгарони рус ҳазф карда шудааст. Агар ин гуфтаҳо тасдиқи худро ёбанд, фаъолияти Оҷонси зидди допингии Русия қатъ ва варзишгарони рус аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои Токио маҳрум хоҳанд шуд.

Оҷонси ҷаҳонии зидди допинг ба ҷониби Русия се ҳафта муҳлат додааст, ки сохтакории эҳтимолии санҷишҳоро шарҳ диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *