Ибодулло Қурбониён: «Беш аз 70 фоизи маҳсулот аз сертификаткунонии ҳатмӣ озоданд»
Сабаби ин ҳолатро директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки кишвари мо аъзои он мебошад, марбут медонад.
-Имрӯз дар Тоҷикистон фақат 25 фоизи маҳсулоти гуногуни воридшаванда сертификатсия кунонида шудааст, — гуфт И. Қурбониён дар нишасти матбуотии Тоҷикстандарт, ки 14 июл баргузор шуд. — беш аз 70 фоизи маҳсулоти воридшаванда аз сертификаткунонии ҳатмӣ озод карда шудааст. Ин ба он оварда расонд, ки аксари маҳсулоти берун аз кишварамон бо роҳи қочоқ вориди бозорҳо мешаванд. Ба талаботу меъёрҳои умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани ин маҳсулотро мо ҳангоми санҷишу рейдҳои кормандони Агентӣ ва дар асоси арзу шикояти истеъмолкунандагон ошкор намуда, бозори истеъмолиамонро ҳифз менамоем.
Масалан, баъзе маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии исломии Эрон аз лиҳози сифат ва муҳлати истифодбариашон барои ҷавобгӯй набудан ба меъёрҳои умумиҷаҳонӣ аз бозорҳо гирифта шуданд. Инчунин, баъзе маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои дигар низ барои воридот ба кишварамон мамнуъ эълон карда шудаанд. Фақат дар дар шашмоҳаи аввали соли равон 1100 тонна маҳсулоти бадсифати кишварҳои Туркия, Малайзия, Германия, Чин ва Русия ошкор гардиданд. Аз ин 9 тонна гӯшти мурғи Туркия ва 109 тонна равғани зайтуни Малайзия мебошад. Маҳсулоти бадсифати истеҳсоли Эрон 283 тонна ошкор карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ