Иброҳим Усмонов:Кошкӣ Горбочёв таваллуд намешуд! (мусоҳибаи пурра+видео)
Меҳмони нахустини барномаи “Корзина”-и ютюбканали pressa.tj дар соли 2021 устоди журналистони кишвар, олими маъруф, арбоби давлатӣ, профессор Иброҳим Усмонов буданд. Суҳбати мо бо эшон тӯлонӣ буд, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
Ягон шогирдам ба ман хиёнат накардааст
— Солҳои 1966-1971 донишҷӯ будед, солҳо ба сифати муаллим кор кардед. Се фарқияти донишҷӯву донишгоҳи он замонро аз имрӯз бигӯед?
— Мо дарс мехондем ва ба имтиҳон тайёрӣ медидем. Дуюм, мо маҳфилҳои илмӣ — адабӣ доштем, ки худамон мегузаронидем, меҳмон даъват мекардем, баҳсҳо менамудем. Сеюм, мо дар ҳар нимсола 3-4 маротиба ё ба дохили Душанбе ё берун аз он дамгирӣ мерафтем, вазъи тафреҳ ба вуҷуд меовардем. Мо, ки журналист шуданӣ будем, ин барои журналист бисёр зарур аст.
-Солҳои 1973-1976 шумо аспирант будед, мушкилоте, ки имрӯз унвонҷӯёну аспирантон доранд, яъне проблемаи иқтисодӣ, беқадрии илм, нобоварии дигарон, иҷораи насупорида… доштед?
— Он вақт маоши аспирантӣ барои зиндагӣ мерасид. Масалан, ман дар Маскав мехондам ва 100 сӯм идрорпулӣ медоданд. Ҳамагӣ 12 сӯмашро хобгоҳпулӣ медодаму халос. Агар ба Тоҷикистон омаданӣ мешудам, чипта 26 сӯм буд. Дуюм, дар замони мо муроҷиат ба асарҳои илмӣ ва китобхонаҳо бисёр буданд. Тадқиқотҳои имрӯзае, ки ҷавонҳои соҳаи мо-гуманитарӣ менависанд, агар нигоҳ кунем, қариб, ки муроҷиат ба таҳқиқи дигарон нест ва агар бошад ҳам, суст аст. Ҳоло маълум мешавад, ки ҷавонҳо имконияти истифодаи илмро надоранд.
Дар замони шӯравӣ асоси аспирантура он буд, ки ба ғайр аз забони тоҷикӣ, ки забони модарӣ аст, ба ғайр аз забони русӣ, ки забони умумихалқӣ аст, забони дигареро ҳам донистан ва аз асарҳои он забон истифода бурдан буд. Ман ҳам каму беш маҷбур шудам забони англисиро омӯзам.
— Ҳар дарахти мевадор ҳатман, ки дар шохаҳояш меваи нохуб ҳам дорад, шумо ки шогирдони зиёдеро тарбия кардаед, дар миёнашон чунин шогирдон доред?
— Нисбат ба ман ҳеҷ шогирдам нохубӣ накардааст, нисбат ба илм ҳам ҳамчунин. Вале бисёр имкониятҳое, ки ба ман пайдо шуда буданд, ба як қатор шогирдонам ҳам пайдо шуданд, аммо онҳо истифода накарданд…
Шиоргӯ ва шиорпарто
— Шумо дар вазифаҳои гуногун хизмат кардед ва боз олимед, пас сухани он ки вазифа одамро аз илм дур мекунад, куҷо мешавад?
— Ман ба ин гуфта розӣ шуда наметавонам. Одаме, ки ба илм машғул шудан мехоҳад, бо вуҷуди вазифаҳои зиёд ҳам аз илм дур намешавад. Илм чизест, ки агар дар фикр пайдо шавад бояд гуфт, дигар пеши роҳи гуфтанро ягон вазифаву машғулияти дигар намегирад.
— Солҳои 1992—1993 декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ будед ва ба гуфтаи шумо ҳоло факултети журналистика фазои филологӣ дорад. Чӣ бояд кард, ки фазо журналистӣ шавад?
— Агар касе, ки ҳақиқатан ҳам журналистикаро мефаҳмад, дар факултети журналистика декан мешуд, ин факултет тамоман барномаи таълимии дигар ва услуби таълимии дигар медошт. Зеро дар ин факултет имрӯз ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам дар илм аз рӯҳияи журналистика дида, рӯҳияи филологӣ зиёдтар аст.
— Чаро муддати кӯтоҳ декан будед?
— Ман декан шуданӣ набудам. Аммо барои он ки факултетро ташкил кунанд, декан шудани ман зарур буд. Ман ҳамон вақт ба устод Воҳид Асрорӣ гуфта будам, ки танҳо ним сол деканӣ мекунам ва ҳамагӣ пас аз чор моҳ маро ба Ҳукумат даъват карданд ва ман рафтам.
— Кай бори охир ба факултети журналистика рафта будед?
— Ёд надорам, аммо рӯзи 31-уми декабр бо даъвати Қироншоҳ Шарифзода ҳамроҳи донишҷӯён ба сари мазори Бобоҷон Ғафуров рафтем ва суҳбат кардем.
— Шумо як муддат муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ва ҳам муддате раиси ин ниҳод будед ва корҳоеро ҳам ба сомон расонидед. Имрӯз телевизион дар кадом ҳол қарор дорад?
— Телевизиони мо телевизиони консертӣ шудааст, вазифаи идеологиро иҷро намекунад. Афсӯс, ки ин ҳолат чандин сол аст, ки идома дорад. Телевизионе, ки ман кор мекардам, телевизиони идеологӣ буд.
-Дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳаст барномае, ки мунтазам бубинедаш?
— Гоҳ-гоҳ мебинам ва асосан ахбор мебинам, то ки аз вазъи кишвар бохабар бошам. Вале барномаи мушаххасе барои тамошо надорам.
— Дар шабакаҳои телевизионӣ киҳоро дорем ва киҳоро надорем?
— Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем. Шоиргӯ ва шиорпарто дорем.
Академияи ВАО, яъне чӣ?
-Шумо гуфтаед: “Акбаралӣ Сатторов Иттифоқи журналистонро бо худаш гирифта рафт?” ҳоло кори ин иттифоқ ва Академияи васоити ахбори оммаро чӣ тавр баҳогузорӣ мекунед?
— Аслан Зинатулло (Исмоилов – раиси ИЖТ) худаш журналисти хуб аст, аммо намедонам барои чӣ вазъияти иттифоқ барои ҷомеаи журналистии мо нофаҳмост. Баъдан, Академияи ВАО яъне чӣ? Ман ҳамчун мутахассиси соҳа инро намефаҳмам. Ин мактаби олӣ аст? Ин мактаби такмили ихтисос аст? Ин устохонаи касбии журналистон аст? Ва агар мактаби олӣ бошад, дар баробари факултету бахшҳои журналистӣ чӣ медиҳад? Агар мактаби такмили ихтисос бошад, кӣ дар он ҷо ихтисосашро такмил додааст? Хулоса, ман мавҷуд будани Академияи ВАО-ро дарк карда наметавонам.
Агар Горбачёв таваллуд намешуд…
— Агар шумо таваллуд намешудед, дар дунё ягон тағйирот ба амал меомад?
— Мумкин ҷомеаи мо хушбахттар мебуд, чунки ман гапи ростро ба рӯи одамон мегӯям ва шояд аз ин сабаб ранҷидаҳо бисёр бошанд.
— Дар дунё кӣ таваллуд намешуд, беҳтар мебуд?
— Агар Горбачёв таваллуд намешуд, ин дунё беҳтар мебуд.
— Барои чӣ баъзе одамон нони хӯрдан надоранд, вале баъзеи дигар аз шикамашон зиёд?
— Асоси ҳама қонуну ҳама дин ҳам ҳамин аст. Худо ҳамаро баробар меофарад, аммо ҳама баробар камол намеёбанд. Барои ҳамин Худованд дар дин ва ҳуқуқшиносон дар қонун ҳаракат мекунанд, ки тафовути нонпайдомекарда ва ноннадошта камтар шавад. Инсоф ба вуҷуд ояд ва зиёд гардад.
— Калонсолон аз ҷавонон ва ҷавонон аз калонсолон чӣ қарздоранд?
— Аслан ҳеҷ чиз. Лекин аз нигоҳи инсонӣ қарзи калонсол дар назди ҷавон ҳамин, ки то қадри имкон насиҳате ё маслиҳате диҳад ва қарзи ҷавон он аст, ки то қадри имкон гапи калонсолро қабул карда, иҷро кунад.
Рӯзи ман охир надорад
— Охирин бор кай дар бораи тоҷик будан фикр карда будед?
— Инро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
-Дар бораи журналистика ва журналистон?
— Ин ҳам ҳамон хел.
-Дар бораи илм?
— Ҳар соат.
— Охирин бор кай гириста будед?
— Соли 2000-ум.
— Охирин бор кай дар бораи қиёмат фикр карда будед?
— Ҳар рӯз фикр мекунам.
— Охирин бор кай намоз хонда будед?
— Соли 1992.
— Охирин бор кай аз кори кардаатон пушаймон шуда будед?
— Ҳеҷ вақт.
— Охирин бор кадом нашрияро хонда, кадом радиоро гӯш ва кадом телевизионро дида будед?
— Ман ҳар рӯз телевизиони “Евронюс”-ро тамошо мекунам, ҳар ҳафта матбуоти Тоҷикистонро мехонам.
— Ман 23-солаам, шумо 72-сола. Чӣ кор кунам, ки то 72-солагӣ ҳадди ақал нисфи шумо муваффақ шавам?
— Он коре, ки ҳозир карда истодаед, давом диҳед.
— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон бошад, чӣ кор мекунед?
— Рӯзи ман охир надорад. Ман гумон мекунам, ки баъди ман ҳам давом мекунад.
Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ