Иброҳимов 15 сол зиндонӣ шуду Қулматов ҷарима гардид
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 23 декабр баррасии парвандаи ду шаҳрдори пешини Бишкекро ба поён расонд.
Албек Иброҳимов, шаҳрдори қаблии Бишкеки Қирғизистон 15 сол зиндонӣ ва раиси дигари пешини ин шаҳр Кубаничбек Қулматов ҷарима ва аз толори додгоҳ озод шуд.
Кубаничбек Қулматов дар фасодкорӣ айбдор шуд.
Албек Ибраимов якбора дар доираи чанд парванда айбдор мешавад — фурӯши истироҳатгоҳи «Соҳили офтобӣ» бо арзиши ниҳоят паст, харидории «ТНК Дастан»-и маснуоти заргарӣ бо баҳои гарон, фасодкорӣ ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин. Ба ҷуз ин, номи вай дар парвандаи Кубаничбек Қулматов зикр мешавад.
Вакилони мудофеи ду шаҳрдори пешин борҳо аз додгоҳ хостанд, ки парвандаҳои афроди зери ҳимояашон дар алоҳидагӣ баррасӣ шаванд.
Аммо додгоҳ ин дархостҳоро рад кард. Қулматов ва Ибраимов айбҳои эъломшударо рад мекунанд ва вакилони мудофеашон аз поймолшавии қонун хабар дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ