Идатон муборак, табибони ҳозиқ!

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он ҳамасола дар зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро  гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба  илми пизишкӣ тааллуқ доранд.

Ҳамасола субҳи 18 август   дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир мегардад. Табибон дар ин рӯз аз хизматҳои бузурги аллома дар самти тиб ёдовар шуда, фаъолияти ӯро шоистаи таҳсин мехонанд.Идатон муборак , табибони синосифат!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *