Иддаои «Politico»: G7 ноком шуд
Нашрияи амрикоии «Politico» иддао дорад, ки нишасти G7 ноком шуд.
Раҳбарони кишварҳои G7, ба навиштаи рӯзнома, натавонистаанд дар ягон масъала, аз ҷумла авзоъ дар Украина, таваррум, амнияти ғизоӣ, масоили энержӣ ва тағйири иқлим тасмими саривақтӣ бигиранд.
Рӯзҳои 26-28-уми июн нишасти серӯзаи G7 (Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон) таҳти раёсати Олмон дар қалъаи Элмау баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш панҷ давлат ба ҳайси меҳмон ширкат карданд: Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Индонезия, Ҳиндустон, Аргентина.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ