Иди Фитр ба афғонҳо сулҳи серӯза меорад

Ба ҷангиёни Толибон дастур дода шудааст, ки дар се рӯзи Иди Фитр ҳамлаҳояшон ба нерӯҳои амниятии афғонро дар саросари кишвар қатъ кунанд.

Гурӯҳи Толибон ба муносибати Иди Фитр се руз оташбас эълом кард. Ҳукумати Афғонистон аз эълони оташбаси серузаи Толибон истиқбол кардааст. Иди Фитр дар Афғонистон ва аксари кишварҳои исломӣ рӯзи панҷшанбеи 13-уми май таҷлил мешавад.
Муҳаммад Наъим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар рӯзи 9-уми май бо нашри як баёния эълом кард, ки ба ҷанҷӯёни ин гурӯҳ дастур дода шудааст, ки дар се рӯзи Иди Фитр ҳамлаҳояшон ба нерӯҳои амниятии афғонро дар саросари кишвар қатъ кунанд.
Дар ин эъломия омадааст, ки дар сурати ҳамла ба ҷангҷӯёни Толибон, ин гурӯҳ аз худ дифоъ хоҳад кард. Эъломияи Толибон ҳамчунин афзудааст, ки ду тараф дар ин се рӯз ба минтақаҳои таҳти назорати ҳамдигар иҷозаи рафту омад нахоҳанд дошт.
Раёсати ҷумҳури Афғонистон то ба ҳол ин эълони Толибон вокуниш нишон надодааст. Аммо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии он кишвар, ки дар раъси он Абдуллоҳ Абдулоҳ қарор дорад, аз ин тасмими Толибон истиқбол кардааст.
Сухангӯи ин Шӯро дар сафҳаи «Твиттер»-и худ навишт, «бо вуҷуде, ки ин эълон дар остонаи мотами миллӣ ва баъд аз даст додани шуморе аз ҳамватанони бегуноҳамон сурат мегирад, аммо барои наҷоти зиндагии инсонҳои дигари ин сарзамин, иқдоми хуб ва сутуданӣ аст».
Бар асари бомбгузории рӯзи 8-уми май дар як мактаби духтарона дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул камаш 50 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола ҳастанд. Ҳукумати Афғонистон рӯзи сешанбеи 11-уми майро мотами умумӣ эълон кардааст.
Қабл аз ин ҳам тарафҳои даргири ҷанг дар Афғонистон рӯзҳои ид аз қатъи ҷанг хабар дода буданд ва баъдан якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *