«ИДИ НАВ МУБОРАК» Дигар ин ҷумларо намешунавем?!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Қурбон рӯзи 31-уми июл фаро мерасад, аммо бидуни дастархонороӣ, меҳмониравию меҳмонқабулкунӣ ва идгардаки кӯдакон таҷлил мегардад. Сабаб? Пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 арзёбӣ шудааст.

Саргаҳ

Дар Тоҷикистон пагоҳ ид аст. Иди Қурбон. Иде, ки то чанде пеш кӯдакон аз шаб то саҳар либосҳои навашонро дар таги болишташон монда хоб мекарданду субҳи содиқ пас аз овоз додани хурӯсҳо бо селофанҳои махсус ҷумлаи “Иди нав муборак, тухмакотон қаторак”-ро дар назди ҳар дарвоза ба такрор мегуфтанд. Иде, ки бонувони ҳар хонадон чанд рӯз пеш аз он барои дастархонороӣ тамоми ҳунарашонро сарф мекарданд. Иде, ки мардҳо пас аз намоз ба хонаҳои наздикон ва азодорон рафта, дуо мекаранд. Ва иде, ки ҳоло берангу бӯ, бе даводавҳои зиёд, бе идгардак, бе дастархонороӣ, бе шикампуркунию шикамсерӣ мегузарад.

Ситод ва Кумитаи дин чӣ гуфтанд?

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз  паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардакро  дар  рӯзи иди Қурбон расман манъ кард. Қарори ситод рӯзи 27-уми июл нашр шуд.

Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пеш аз қабули қарори мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ дар расонаҳо хабари манъи дастархонороӣ ва идгардак дар сархати хабарҳо баромада буд ва аксарият тарафдор буданд, ки чунин қарор бояд татбиқ гардад.

Аз ҷониби дигар, рӯзи 22-юми июл аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бе намози дастаҷамъонаи ид баргузор мешавад ва ҳадаф роҳ надодан ба густариши бемории COVID-19 аст. Дар мавриди қурбонӣ кардан Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт: “Албатта, қурбонӣ мешавад ва қурбонӣ ба намозхонӣ  ё намоз нахондан халал ворид намекунад.  Ҳоло инсоне, ки сарватманд аст, агар намоз ҳам нахонад, ё ин ки фурсат нашавад, барои хондани намозаш, баъди намоз қурбонӣ мекунад. Азбаски намоз дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ гузошта намешавад, агар як соат баъд аз тулӯи офтоб қурбониро анҷом диҳад, қабул аст».

Мақомот ҳадаф аз қабули қарорро дар мавриди манъи дастархонороӣ ва идгардак пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир гуфтанд, ки ин, пеш аз ҳама, бар нафъи мардум мебошад.

Бояд гуфт чанд сол мешавад, ки дар Душанбе масъалаи қурбонӣ кардан яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез шудааст, зеро дар назди хона ё бинои истиқоматӣ ба монанди солҳои қаблӣ қурбонӣ кардан мумкин нест. Ва ҳатто дар деҳоти гирду атрофи Душанбе ҳам дар ҳавлӣ қурбонӣ карда намешавад.

5000 тоҷикистонӣ ҳоҷӣ нашуданд

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи иди Қурбон аз тамоми гӯшаву канори дунё онҳое, ки шароит доранд, барои адои фаризаи Иллоҳӣ ба зиёрати хонаи Худо сафар мекунанд, ки дар миёнашон тоҷикистониён ҳам кам нестанд. Дар нишасти матбуотии Кумитаи дин гуфтанд 5000 сокини Тоҷикистон, ки барои адои маросими Ҳаҷҷи имсол сабти ном гардида буданд, бо ақибнишнии пандемияи СОVID-19 ва беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар ҷаҳон имкон доранд, соли оянда ин фаризаи диниро адо кунанд ва соли дар пешистода бартариро қабл аз ҳама ин афрод доранд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфт: “Рӯйхатҳо ҳаст. Рӯйхатҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасдиқ шудаанд ва инчунин рӯйхатҳо дар Кумитаи дин ҳам ҳастанд. Бартарият ба он нафароне, ки номнавис шудаанд, дода мешавад.”

Яъне, имсол ҳаҷ ҳам нашуд.

Ва аз ҳама муҳим

Бадбахтона, фаҳмише, ки аксарият дар деҳот доранд, ба тафаккури 40-50 сол пеш ҳам рост намеояд. Ҳар қарор, ҳар қонун ва ҳар навгоние, ки дар ҳаёти ҷомеа қабул мешавад, ҳатман то деҳот суханчинон онро дигар гуна мерасонанд. Масалан, вақте моҳи августи соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуда буд ва тағйироти мазкур  мусалмононро ба оростонаи дастархони идонаи хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар айёми ид уҳдадор мекард, аммо дар бисёре аз деҳаҳо хабарҳое пайдо шуд, ки дар хонаҳо бояд дастархон наороӣ, вагарна раисони маҳалҳо ва ҷамоатҳо хона ба хона гашта, соҳибхонаҳоро ҷарима мебанданд.

Ногуфта намонад, ки он замон Шӯрои уламо изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд. Ва вақте Шӯрои уламо бори нахуст дар иди Рамазон мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар кард, мардум тамоман чунин мавқеъгириро қабул надоштанду гапу калочаи зиёд карданд.  Вале баъдан фаҳмиданд, ки кадом қорор ва мавқеъгириҳо дуруст аст.

Дар ин самт ба боварии комил метавон гуфт, мо мубаллиғони ростгӯву росткоре надорем, ки ҳар навгониву тағйироти ба амаломадаро ба мардуми деҳот расонанд ва аз ин ҳолат душманону бадбинон истифода карда, ба таври хостаашон доир ба ҳар тағйирот фикрашонро мегӯянд.  

Ба ин мазмун дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд. Вале мутаассифона, намояндагони ҳукумат дар маҳалҳо вазифаи ҷонӣ ва бар дӯшдоштаашонро иҷро намекунанд. Зеро дар деҳот фаҳмише ҳаст, ки соҳибмансабон хизматгори халқ не, балки халқ хизматгори онҳост. Ва афсӯс, ки қисми зиёди мардуми мо бо матбуот ҳамкорӣ надоранд, вагарна қудрати ба рӯи курсидорон нигаристану баъзеҳояшро ба якборагӣ дар ҷояш шинонданро пайдо мекарданд.

Ба ҷойи сенуқта

Моҳи майи соли равон бо як қарори Шӯрои уламо дар рӯзи иди Фитр намози дастҷамъӣ баргузор нашуд. Мақомот он замон аз сокинон хостанд, ки идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд, вале мардум то шаб ид карданд ва мо умед мебандем, ки мардуми шарифи мо дар иди Қурбон барои шикампуркунӣ то шаб хона ба хона нагашта, худу атрофиёнашонро аз паҳншавии COVID 19 ҳимоя мекунанд. Ва вақте расидааст, ки ҷиддӣ будани вазъиятро ҳис кунем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *