Иди пурдарди зани муҳоҷир
Он шаб аз хурсандӣ Сафаралӣ дигар на дар замин буду на дар осмон. Пайкари барфсон сафеди Наташаро дар оғӯш гирифта, оламу одамро аз ёд бурда буд ин марди муҳоҷир ва ҳатто боре ҳам ба ёд намеовард, ки дар гӯшаи дигари олам Маҳина ном зане …..
Инак, боз 8 март фаро расид. Ҳама дар такопӯи туҳфахарӣ ва омодагӣ ба ид. Мардҳо мағоза ба мағоза медаванд, то туҳфаи арзандае барои хонуми дӯстдоштаи худ пайдо намоянд.
Сафаралии муҳоҷир низ имрӯз либосҳои кории хешро намепӯшад. Музди меҳнаташро пешакӣ аз корфармо гирифта, бо шавқу шӯри зиёд ба дӯкони гулфурӯшӣ равон аст. Гулдастаи беҳтаринро мехарад. Вай 5 ҳазор рубли бо заҳмат коркардаашро имрӯз барои як дастагул дареғ намедорад. Танҳо як дастагул кофӣ нест, бояд туҳфаву шоколад низ харад, охир осон нест дили ин русдухтари зебову қоматбаланро ба даст овардан. Наташа баъди талошҳои зиёд ба саломаш алейк мегирифтагӣ шуд, нашавад, ки қаҳр карда, боз аз вай рӯй тобад, он гоҳ мемирад Сафаралӣ аз ғами ин зебосанами чашмкабуд. Дирӯз худи Наташа бо табассум аз вай тӯҳфаи идона талаб кард. Магар Табаралӣ мардак нест, ки маънои суханҳои таҳдори занро нафаҳмад?! Не, бо кадом роҳе набошад, вай бояд дили ин нозанини аз барги гул нозуктарро ба даст биёрад ва…
Сафаралӣ 12 ҳазор рубли дигар дода, бо тавсияи фурӯшанда барои Наташа як куртачаи доманкӯтоҳи сурхи зебо гирифт. “Ин курта ба тани мавзуни Наташаҷон мезебад” аз дил гузаронд вай ва беихтиёр дар лабонаш табассум гум кард. Наташаро дар оғӯшаш тасавур карда, дилаш гум зада рафт…
“Может ешё что-то возмёте?” гуфтани фурӯшанда ӯро аз олами хаёлҳои ширин ба замин фуруд овард. “А нет, спасибо девушка, с праздником вас” гӯён, аз дари мағоза берун шуд…
Акнун Сафаралӣ ҷониби тарабхонае, ки дар он ҷо бояд бо Наташа вомехӯрданд, шитоб дошт. Дар роҳ фикре ба сараш расид, ки имрӯз бояд мисли шоҳзодаи аспсавор савори саманди бодпое ба суроғи Наташа равад, то обрӯяш назди ин зебосанами сафедпӯст афзояд. Мошин надорад, чӣ бояд кард? “Шамшоди ҳамқишлоқиам бо мошинаш мусофиркашӣ мекунад, як илтимоси бародарона кунам, шояд не нагӯяд”,- аз дил гузаронд Сафаралӣ ва роҳашро дигар кард…
Шамшод дар ҷавоби хоҳишу илтимосҳои боисрори Сафаралӣ не гуфта натавонист. Ура, ин мушкил низ ҳал шуд!
Сафаралӣ ба 8 ҳазори дигар сӯзишворӣ харид ва бо кулбори туҳфаҳо ба сӯйи Наташа шитофт. Духтари маккораи рус бо дидани ин ҷавони муҳоҷир хушҳол гашт. Албатта Сафаралӣ ҳеҷ гоҳ шоҳзодаи орзуҳои ӯ набуд ва шуда ҳам наметавонад, аммо чӣ бадӣ дорад, агар каме бо ӯ шӯхию бозӣ кунад?! Аз содагии ин муҳоҷири гаранг истифода карда, пулҳояшро мехӯрад, вақте ки ягон марди арзанда пайдо шуд, баъд ӯро оҳистаяк “кидат” карда, аз ҳаёташ ғайб мезанад…
Ҳамин тариқ 25-30 ҳазор рубли дигар дар тарабхона масраф шуд. Пардаи шаб аллакай шаҳрро пӯшонида буд. Коняк ва гармии дастони мисли барф сафеди ин духтари чашмкабуд дар вуҷуди Сафаралӣ оташи сӯзонеро аланга дода, сабру қарорашро тамоман аз даст дод. Дилаш мехост ягон ҷойи хилват ёфта, лабонашро ба лабони мисли барги гули садбарг сурхи ин парии чашмкабуд гузорад ва то дамидани субҳ аз накҳати гуворои оғӯши ин зебосанам масту махмур гардад, аммо куҷост он хилватгаҳи роз? Наташаро ба иҷорахонааш бурда наметавонад, охир ба ғайри вай он ҷо боз 1-0-12 марди дигар зиндагӣ мекунанд. Ҷоиз нест ин париро ба назди галаи гургҳои дупо бурдан. Пас, чӣ бояд кард? Эҳ, бало ба пасаш пул будаст-дия, ба меҳмонхонаи канори шаҳр меравем, бояд “шаби васл”-ро хотирмон гузаронд….
Сафаралӣ боз 20 ҳазори дигар дода, барои як шаб ҳуҷраеро дар меҳмонхона иҷора гирифт. Он шаб аз хурсандӣ Сафаралӣ дигар на дар замин буду на дар осмон. Пайкари барфсон сафеди Наташаро дар оғӯш гирифта, оламу одамро аз ёд бурда буд ин марди муҳоҷир ва ҳатто боре ҳам ба ёд намеовард, ки дар гӯшаи дигари олам Маҳина ном зане зиндагӣ мекунад, ки барои Сафаралӣ се фарзанди гул барин зеборо ба дунё овардааст ва имрӯз интизори як занги телефонии ӯст…
хххххх
Дар дигар гӯшаи ҷаҳон, дар Тоҷикистон Маҳина рӯзро дар интизори занги телефонии ҳамсараш Сафаралӣ сипарӣ намуд. Вай мунтазир буд, ки лоақал як паёмаке аз ҷониби падари се фарзанди нозанинаш мегирад. Бо ҳамин умед субҳи барвақт аз хоб бархоста, пас аз адои намоз аз паси кору бори хона шуд. Аввал таги пойи гову молро тоза карда, шикамашонро сер намуд, баъд саросемавор аз паси пухтани хӯроки субҳона шуд, то кӯдакони хурдсол ва хусуру хушдомани пираш гурусна намонанд. Ҳини хӯрокпазӣ, хӯрокхӯрӣ, хобкунӣ беихтиёр фикраш ба Сафаралӣ мерафт. Ба хаёлаш аз ҳама гӯшаву канори хона бӯйи ҳамсараш ба машом мерасид. Лаҳзаҳои кӯтоҳи ширину гуворои арӯсиашро ба ёд оварда, дилаш ҳар замон гум мезад. Зиндагии Маҳина бештар аз орзуву ҳавасҳое сохта шуда буд, ки ҳеҷ амалӣ намегаштанд, вале ба хотири хушнудии тифлаконаш ва ба умеди фардои нек зиндагӣ карда, роҳи шавҳари бевафояшро мепоид. Аниқтараш дар олами умеду орзуҳои ширин аз ҳақиқати талхи зиндагӣ пинҳон мешуд ин ҷавонзани вафодор. Маҳина дарк мекард, ки зиндагиаш талх аст, аммо инро эътироф кардан намехост. Даст аз домони ёри бевафояш кандан намехост, зеро чашм кушода ҳамин Сафаралиро дидаасту дар назараш ба ғайр аз ӯ марде дар саросари дунё вуҷуд надорад, ки тавонад Маҳинаро хушбахту шод бигардонад…
Бо ҳар садои занги телефон дилаш гӯё аз тапидан лаҳзае бозмемонд, ки шояд Сафаралӣ занг зада, лоақал бо сухани хуше табрикаш мекунад, аммо рӯз ба охир расиду аз шавҳараш дарак нашуд, на паёмеву на саломе.
Шаб аз ним гузашта бошад ҳам, то ҳол Маҳинаро дар ҷогаҳи сарди танҳоӣ хоб намебурд. Вай мисли моргазида ба худ мепечиду ғофил аз он буд, ки дар ин лаҳзаҳо шавҳари бевафояш фориғ аз ёди ӯ ва се фарзанди зебояш дар оғӯши Наташаи чашмкабуд печутоб мехӯрад…
Дили Маҳина дар рӯйи лахчаи аламу дард мисли барракабоб бе дуд месӯхт, охир марде, ки тамоми ҳастиашро ба ӯ бахшидааст, марде, ки Худованд тақдирашро бо ӯ пайвастааст, шавҳари поку ҳалоли никоҳиаш, падари се фарзандаш дар рӯзи ид ӯро ақаллан ба як занги телефонӣ сазовор надонист. Тақозои зиёд надошт аз шавҳараш, туҳфаҳои гаронбаҳо намехост Маҳина аз Сафаралӣ, фақат як занг ва чанд сухани самимӣ, аммо зиндагии 10 солаашон арзиши як занги телефониро надоштааст. Афсӯс, сад афсӯс…
Эй мардҳои муҳоҷир, ки тамоми ёфту тофти худро сарфи занҳои бегона месозед! Магар ҳамсари поку ҳалол, модари фарзандонатон ба як сухани ширин намеарзад? Зан беҳтарин неъмати парвардигор аст, ки ба мард амонат медиҳад. Наход, ки ин неъмати бузург ва амонати Худованд ба як ҳарфи хуши шумо наарзад? Вақте ки дар ватан ҳамроҳи ҳамсари поку ҳалолатон ба бозор меравед, бо баҳонаи он ки мабодо ягон ошноятон дида монад, шуморо занкалон мехонад, ҳатто ҳамон борхалтаи вазнинро аз дасташ намегиред. Пас, чаро ҳеҷ гоҳ аз бардоштани бори нози занҳои бегона, ки шояд оғӯши садҳо марди дигарро гарм кардаанд, ор намекунед? Гумон доред, ки Худованди ҳамабин аз ризқу рӯзии фарзандон зада, барои зани номаҳраме туҳфа харидану дар гӯшаҳои хилват айшу ишрат карданатонро намебинад? Вақте худ тарс аз азоби рӯзи қиёмат надорӣ, зани поку ҳалолатро аз азоби дӯзах метарсонӣ? Чаро вақте худ муҳаббату садоқат надорӣ, аз ҳамсарат садоқат ва покдомониро талаб мекунӣ?!
Фаромӯш накун, рӯзе фаро мерасад, ки дар назди он фариштаи чашмкабуд мисли саг беқадр мешавӣ, зеро дигар на дар кисаат як пайса пул мемонд ва на дар танат мадоре, ки табъашро болида созӣ. Он гоҳ туро мисли саги дайду меронад. Оре, меронад аз даргаҳи ишқу умедаш ва боз зор мешавӣ. Зор мешавӣ ба ана ҳамин зане, ки ӯро ҳатто ба як сухани хуш сазовор намедонистӣ. Зор мешавӣ, ба ана ҳамин фарзандоне, ки як умр падардори бе падар ва аз хушиҳои айёми кӯдакӣ бенасиб будаанд. Он гоҳ ту бо кадом рӯй ба чашми ин зани бовафо ва фарзандони хору зор кардаат нигоҳ мекарда бошӣ-а?!
Ҳанӯз, ки дер нашудааст, андеша намо, зеро ҳар амалеро подошест!
Ҳангома
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ