Идомаи амалиёти«Корд»: Боздошти як зан бо 8 корд

Аз 8-ум то 29-уми март дар натиҷаи амалиёти шартии бо номи «Корд», ки дар манотиқи пойтахт гузаронида шуд, дар маҷмӯъ 12-нафар боздошт гардиданд, ки дар байнашон як зан низ бо 8 корд вуҷуд дорад.

Аз тарафи мақомоти милитсияи Душанбе аз онҳо наздики 30-адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира карда шуд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, аз таҳлилҳо бармеоянд, дар натиҷаи аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ намудани амалиёти профилактикӣ бо номи шартии «Корд» сарзадани ҷиноятҳои авбошӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегардиданд, хеле кам шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти шабонарӯзӣ ва баргузории ин амалиёт аз ҷониби милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва кам гардидани содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз корд мусодидат намудааст. Вале мутаассифона ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо худ гардонидани корд аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, махсусан муҳассилини МТМУ ба чашм мерасанд, ки ин моро қаноатманд карда наметавонад. Зеро тибқи таҳлилҳо нафаре, ки бо худ силоҳи сард аз ҷумла корд мегардонад, ҳатман дар камтарин нофаҳмиҳои лафзӣ аз он истифода мебарад, ки дар натиҷа ба оқибатҳои гушношунид меанҷомад. Дар ин замина Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳамаи он нафароне, ки дар ҷараёни баргузории ин амалиёт ба мақомоти милитсияи пойтахт кумак намуданд изҳори минатдорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки баргузории амалиёти шартии бо номи «Корд» дар ҳудуди пойтахт ҷараён дошта, то ба пуррагӣ аз ҷомеа решакан намудани ин омили номатлуб милитсияи пойтахт муборизаи беамон мебарад. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки нисбати амалу рафтори фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро дар бештари маврид маҳз аз сабаби бетарафӣ ва камназоратӣ баъзе аз ноболиғону ҷавонон ба роҳи хато рафта, номи худ ва пайвандонро доғдор месозанд.

Дар навбати худ милитсияи пойтахт баргузории ин амалиётро дар ҳудуди шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз ҷумла дар марҳилаи навбатӣ, яъне Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд. Аз ҷумла шаҳрвандони зерин:

Менглиев Икром Эмомович, соли таваллудаш 1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Севостопол 13, 2-адад корд, 2-адад бита, 3-адад кастет, 2-адад нунҷакӣ, 1-адад дубинкаи оҳанин ва 1-адад ниқоби сиёҳ;

Боиров Манучеҳр Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, 1-адад кастет;

Носиров Иброҳим Баҳриддинович, соли таваллудаш 02. 08. 2002. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нодирова 37, хонандаи синфи 11 “а” МТМУ №13, 1-адад;

Қаюмов Раҳматулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 07. 06. 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи С. Айнӣ, як-адад корд;

Ибодов Қаҳрамон Маҳмадович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдакӣ 167, як-адад корд;

Самадов Абдукарим Саъдуллоевич, соли таваллудаш 14. 03. 2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ 58, хонандаи синфи 8 МТМУ №24, як-адад дубинкаи оҳанин;

Амриддини Сунатуллозода, соли таваллудаш 04. 07. 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душвнбе кӯчаи Рӯҳафзо, пеш бо моддаи 141 КҶ ҶТ суд шудааст, як-адад корд;

Мадниязов Мерет Раҳмонқулович, соли таваллудаш 26. 05. 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷиликӯл, як-адад корд;

Азизов Абдураҳмон Сарахонович, соли таваллудаш 24. 08 1990. истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб кӯчаи Киров, як-адад корд;

Нурбоев Одил Гиёсович, соли таваллудаш 26. 09. 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шараф, як-адад корд;

Ҷурақулов Ҳомидҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 01. 05. 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Тунис бинои 1, як-адад корд;

Раҳимова Сурайё Саидмухторовна, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маҳмадиев, 8-адад корд;

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *