Идомаи боришоти барф
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят барфи кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо барф шиддат ёфта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 3-8 то 10-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ