Идомаи сафари кории Президент ба ноҳияи Сангвор

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ  аввалан бинои судӣ ноҳияро,ки иборат аз ду ошёна аст, бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ намуд.

Бинои мазкур дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Хароҷоти умумии корҳои сохтмонии бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор 1 миллиону 254 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Сипас дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суббот ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ баҳри фаровонии дастурхон ва ғановати бозори дохилӣ бо анвои гуногуни маҳсулоти худдӣ пурсамар меҳнат мекунанд.

 

Дар соҳаи кишоварзии ин ноҳияи кӯҳистон аз нисф зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият доранд. Соҳаи кишоварзӣ манбаи ягона ва хуби даромади сокинон дониста мешавад.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, картошка, сабзӣ, каду, себ, нок ва асали хушсифати истеҳсоли занбурпарварони ноҳия пешниҳод карда шуд.

Тавре зикр гардид, кишоварзони ноҳияи Сангвор имсол бо истифода аз тухмиҳои маҳаллӣ каду кишт намуданд, ки таҷрибаи аввал буда, ҳосилнокиаш хуб арзёби мегардад.

Бодарназардошти ин Пешвои миллат ба кишоварзон ва роҳбарияти ноҳия дастур доданд, ки имкониятҳои фаррохи ин бахшро мақсаднок истифода баранд, зеро бо ин роҳ метавон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми муносиб гузошт.

Баъдан дар маркази ноҳияи Сангвор инчунин аз ҷониби  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Маркази савдо аз ду ошёна иборат буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шобуддин Алиев сохта шудааст.

Тавре зимни шиносоӣ таъкид гардид, маркази савдо аз ду фурушгоҳ ва як сехи дӯзандагӣ иборат мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст, ки барои аҳолии ноҳияи кӯҳистони Сангвор хизмат мерасонад. Маблағи умумии сохтмони бинои маркази савдо 630 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар сехи дузандагии ин бинои наву замонавӣ 55 нафар духтарон ба кор фаро гирифта шудаанд.

Дар сехи дӯзандагӣ сару либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рузгор омода карда мешавад. Ба таъкиди ҷавондухтарон ин тадбир агар аз як ҷониб ба соҳибҳунар гардидани онҳо кумак намояд аз тарафи дигар шароит фароҳам меорад, ки либосҳо бо сифати баланд ва тарроҳии зебо оро дода шаванд. Зеро сехи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ муҷаҳаз гардидааст.

Президенти мамлакат дар ошёнаи якуми ин бино аз маркази савдои “Ғанӣ” дидан намуданд. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки дар ин маркази хизматрасонӣ тамоми ашёи рӯзгор пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ имкон дод, ки давоми чанд соли охир дар марказ ва деҳоти ноҳияи Санвор теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ ба маротиб бештар гардад. Ин имкон медиҳад, ки сокинон бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, мушкилоташон дар самти дастрас намудани маҳсулоти ниёзи аввал аз байн равад.

Дар ин ҷо ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат туи суннатии 40 нафар хурдсолон аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Баргузор намудани хатнасур ба таври дастаҷамъона аз хароҷотҳои беҳуда пешгирӣ намуда, дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иқдоми муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ ташкили туйҳои суннатии дастаҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Ба хурдсолон дар ин рӯз туҳфаҳои хотирави низ супорида шуд.

 Дар охир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот ва суханронӣ намуд.

Аснои суханронӣ Сарвари давлат тамоми сокинони ноҳияро бо муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Роҳбари давлат иқдоми созандагиву бунёдкориро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид, ба заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик марбут маънидод кард.

 

Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Сангвор бо дастгирии давлату Ҳукумат ва дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ корҳои ободонӣ мунтазам вусъат гирифта, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид ва бисёр мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинон ҳаллу фасли худро пайдо намуд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, ба маблағи 62 миллион сомонӣ мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳои нав ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ба таъкиди Сарвари давлат дар солҳои 2016-2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисфи маблағҳои дар 25 соли истиқлолият ҷудогардидаро ташкил медиҳад

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *