Идомаи сафари Президент дар  вилояти Суғд

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд. Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Сугд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Пешвои миллатро сокинони шаҳри Истаравшан  бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” баъд аз 26 соли бекорхобидан боз аз нав обшор мегарданд. Корҳои таъмиру тармим оғоз гардид ва инак он аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.

Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмуъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.

Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар минтақаи “Қизилӣ” соли 2017 — 1 ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназорат мондан заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи обёрии пойгоҳҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани дарғот обро ба заминҳои ташналаб сар доданд.

Тибқи маълумот айни замон дар мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Ҳамзамон барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.

Баъди шиносӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд.

Дар боғи нави интенсивӣ ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи содиротӣ шинонида шуд.

Дар мавзеи “Қизилӣ” 5035 гектар заминҳои шаҳри Истравшан ва 3748 гектар заминҳои ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27 адад хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ фаъолият доранд.

Дар мавзеи “Қизилӣ” минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуд олу, 3 навъи ток, аз ҷумла “Тоифии намрин”, “Кишмиши сиёҳ” ва “Ангури Ҳусайнӣ” ва як намуд олуча ба роҳ монда мешавад.

Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи “Сексарӣ” барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, имконияти зиёд кардани майдони кишти зироатҳои тамоми навъҳои полезӣ, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, ғалладонагиҳо, бахусус навъҳои серҳосили гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон ва баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, кишти ҷуворимакка барои силос ва дигар намуди хуроки чорво мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд. Дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *