Идомаи тағйироти кадрӣ. Аз барканории раисони Ҳисор то Ваҳдату Роғун

Имрӯз, 27-уми январ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Тавре ки маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, “раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Кумитаи рушди маҳал, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд”.

Ҳамин тариқ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Қурбонзода Амирхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати роҳбарикунандаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» раис ва муовинон аз ҳисоби мутахассисон таъин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *