Идораи ҳавошиносӣ: Селу жола дар назар аст
Бино ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон интизор меравад дар ду рӯзи оянда, яъне, рӯзҳои 17-19 май борандагии шадид ба амал омада ва дар манотиқи кӯҳистонӣ сел ҷорӣ шавад.
Бино ба маълумоти Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон, интизор меравад дар ду рӯзи оянда, яъне, рӯзҳои 17-19 май борандагии шадид ба амал омада ва дар манотиқи кӯҳистонӣ сел ҷорӣ шавад.
Ин манбаъ гуфтааст, ба истиснои Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон сел омада ва хатари резиши сангпораҳо вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, бар асари борандагиҳои шадид сатҳи оби дарёҳои Яхсу ва Қизилсу боло хоҳад рафт.
Дамои ҳаво дар ин муддат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 8 дараҷа поин меравад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фасли баҳор борандагиҳои зиёд ва омадани сел рух медиҳад. Дар кишвар, ки аксари аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд, дар пайи офатҳои табиӣ талафоти ҷониву молӣ мебинанд.
Рӯзи 27-уми апрели имсол дар деҳаи Шерободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат лағзиши кӯҳпора ба мушоҳида расид. Ин офати табиӣ 200 метр паҳнӣ ва як километр дарозӣ, кӯҳпора ҳар рӯз тақрибан 3-4 метр ба поин рафтааст.
Дар чаҳор моҳи ахир дар Тоҷикистон бар асари борандагӣ ва ҷорӣ шудани сел 15 нафар ҷонҳои худро аз даст доданд.
Дар вилояти Суғд 3 ҷамоат зери об монда, хонаҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ зарар диданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ