Идораи мустақилонаи тарофа ва хизматрасониҳои Tcell бе интизорӣ дар сомонаи ширкат!

Дар ҳар як бахши расмии сомонаи ширкати Tcell — https://www.tcell.tj, ки ба тарофаву опсия ва хизматрасониҳо бахшида шудаанд, тугмачаҳои фаъол мавҷуданд, ки бо 1 фишор (клик) ба онҳо метавон тариф ва ё хизматрасонии заруриро пайваст кард!

Ин хеле оддӣ, содда ва бевосита аст: ба Шумо зарур нест, ки посухи операторро мунтазир шавед ва ё ба маркази хизматрасонии муштариён биравед. Ҷараёни пайвастшавӣ ва фаъолсозӣ дар таҷҳизоти Шумо имконпазир аст! Чунин «тугмачаҳои фаъол» дар бахши тарофаҳои «Аъло», «Даркор», «Саломатӣ», инчунин дар ҳамаи опсияҳои бемаҳдуд ва дигар хизматрасониҳо мавҷуд мебошанд.
Истифодаи сомонаи расмии ширкат ва ҳамаи бахшҳои он барои муштариёни Тсеll комилан ройгон буда, ба трафик таъсир намерасонад.

Дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, Tcell мувофиқи хостаҳои муштариён амал менамояд. Бо дарки рӯзафзуни талабот ва вокуниши фаврӣ ба дархости корбарон, Tcell чунин роҳҳалҳои навоваронаро ворид месозад ва бо ин васила истифодаи алоқаи мобилиро барои ҳар як муштарӣ суръат бахшида, осон мегардонад.


Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *