Ифшои 201 ҳолати дигари гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон
То соати 19:30 дақиқаи 22 май дар Тоҷикистон 2551 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1089 нафар шифо ёфтаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати Тандурустӣ хабар медиҳад.
Тафре портали ягонаи вазорат хабар медиҳад, давоми як шабонарӯз дар кишвар боз 201 ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шудааст.
Шумори фавтидагон аз ин беморӣ бетағйр яъне– 44 нафар боқи мондааст.
Тамоми ин муддат дар ҷумҳурӣ 1089 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Айни замон дар бемористону дармонгоҳҳои кишвар 3151 нафар зери муоинаи табибон қарор доранд.
Дар бораи аввалин 15 нафар шахсони сироятёфта – 10 нафар дар вилояти Суғд ва 5 нафар дар Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ