Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар Урметан

Субҳи имрӯз, 5-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ “Қасри паҳлавонони суғдӣ” ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, иншооти нави соҳаи варзиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст.

— Дар бинои навсохти “Қасри паҳлавонони суғдӣ” барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, аз ҷумла гӯштини миллӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Толори варзишии болопӯшида барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ мувофиқ аст,- меафзояд манбаъ.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида таъкид намудааст, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз чунин имкониятҳо метавонанд ҳамчун варзишгарони касбӣ омода шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардоранд.

Гуфта мешавад, ки дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 63 майдонча ва 25 толори варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *