Ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *