Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин дар Хуросон
Субҳи имрӯз, 3-юми сентябри сори равон дар ноҳияи Хуросон бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ин рӯз ду бинои иловагии муассисаи таълимӣ ҳам ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мавриди назар Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ва роҳбарияти вилояти Хатлон иштирок карданд.
Бино ба иттилои расида, бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бино ҳанӯз соли 2019 оғоз шуда, масоҳати умумии иншоот 300 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгари иншооти мазкур Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат масъулин ва мутахассисонро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, таъмини истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок вазифадор кард.
Бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул аз 2 ошёна иборат буда, дорои 13 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ