Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Имрӯз, 5 август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои тозабунёди Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, ташхисгоҳ, дорухона, электрокардиограмма (ЭКГ), ташхиси ултрасадо, ҷарроҳии ҷоғи рӯй, духтурони дандон, имплантолог, ортодонт ва озмоишгоҳ барои тайёр кардани дандон ва безарар гардонидани асбобҳои дандондармонӣ мебошад.

“Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологии деҳаи Файзободи деҳоти Даштигулҳо дар масофаи 14 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир буда, дар он 30 нафар мутахассиси соҳа, аз ҷумла 10 табиби маълумоти олидор ва 12 нафар корманди миёнаи тиб соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобати дандон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *