Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Ҷайҳун
Субҳи имрӯз, 18-уми март раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, пеш аз оғози вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят дар расми ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҷайҳун иштирок намудааст. Ин бино дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
— Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва директори Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода бо шароити корӣ дар бино шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар масоҳати умумии 0,09 га замин бо масоҳати 571,45 метри мураббаъ ба маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ анҷом дода шудааст. Бинои мазкур аз ду ошёна ва 11 ҳуҷаи корӣ иборат буда, пурра бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва техникаи муосир муҷаҳҳазонида шудааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 11 нафар фаъолият дошта, аз ин шумора 4 нафар занон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ