Ифтитоҳи бинои “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб бинои Раёсати “Тоҷикстандарт” ба истифода дода шуд. Иншооти мавриди назар аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст.

Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бинои навбунёд бахшҳои алоҳидаи ташхиси маҳсулоти ғизоӣ, озмоишгоҳҳои метрологии санҷиши воситаҳои ченак бо таҷҳизоти муосир, утоқҳои корӣ бо шароити хуб, китобхона ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳу қабулгоҳи роҳбарият ҷойгир карда шудаанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба сифати корҳои сохтмонӣ ва озмоишгоҳҳои навтаъсис баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо муҳим ҳисобиданд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи иншооти мавриди назар дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *