Ифтитоҳи боз як бинои нав дар пойтахт
Бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе низ имрӯз, 29 октябр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи мазкур дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ аз 7 бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, 4 толори маҷлисӣ ва утоқҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ