Ифтитоҳи чанд иншоот дар шаҳри Турсунзода

17 октябр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд.


Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дорад ва дар 8 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои даққиқ мусоидат менамояд.
Бинои хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад.
Хобгоҳ бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.
Маҷлисгоҳи Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бо 140 ҷойи нишаст ва ошхона бо 200 ҷойи нишаст сохта шудааст.


Раванди таҳсил аз ҷониби 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва буду бош дар Литсей-интренати шаҳри Турсунзодаро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.
Инчунин, дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бошад, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 8 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.
Дар деҳаи “Шодиёна”-и деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурабек Муҳибов бунёд гардидааст.

Дар кӯчаи Охун Бобоеви шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” мавриди истифода қарор гирифт.
Ин муассисаи наву зебои муосир бо маблағи 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *