Ифтитоҳи чор иншооти нав дар пойтахт
16 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе як қатор иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аз ҷумла дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор — Фарел” ба истифода дода шуд. Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” Саймуҳриддин Сайфов бунёд шудааст.
Бинои тарабхонаи “Баҳор — Фарел” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.
Масоҳати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.
Дар тарабхона имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонида шавад. Хӯрокҳо аз моҳӣ дар ин тарабхона аз тарафи ошпазони моҳир омода мегардад.
Инчунин имрӯз аз тарафи сарвари давлат дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ “Нонпаз” мавриди истифода қарор гирифт.
Бано ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҶДММ “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
Гуфта мешавад, имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
Ҳамчунин Президентӣ мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гуруҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марҳилаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд. Мувофиқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар расонида мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн. дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн. дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мегардад, вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин ва қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.
Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ