Азот

Ифтитоҳи калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пас аз таҷдиду навсозӣ ба кор даромад. Ин калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, ки бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фаъол гарид.

Гуфта мешавад, ки корхонаи номбурда ба рушди кишоварзии кишвар мусоидат хоҳад кард. Бино ба иттилои расмӣ, бо фаъол гардидани корхонаи “Азот” зиёда аз 1000 шаҳрванди кишвар, хосса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Дар “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шудааст.

Возможно, это изображение 8 человек

Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.

Возможно, это изображение сумерки и горизонт

Талаботи солона ба нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон қариб 550 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст ва бо сабаби фаъолият надоштани он барои солҳои зиёд хоҷагидорони  мамлакат нуриҳои минералиро  пурра аз кишваҳои хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекунанд, ки ин раванд барои таъмини саривақтии соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои зарурӣ мушкил пеш оварда, ба рушди муназзами соҳа таъсир мегузорад.

Солҳои 2020 — 2022 ба мамлакат дар ҳаҷми 602 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст.

Ин нишондиҳанда дар 3 моҳи соли равон зиёда аз 23 ҳазор тонна дар ҳаҷми 10,6 миллион доллар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *