Ифтитоҳи коллеҷҳои нав дар Душанбе (аксҳо)
Имрӯз, 27 август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт биноҳои муассисаҳои давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова” ва “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иншоот бо усули баланди меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
“Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз синфхонаҳои кушоду барҳавои дарсӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, тамрингоҳҳо, маҷлисгоҳ, ошхона бо 56 ҷойи нишаст ва дигар иншооти муосири ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳи бино дорои 126 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии муассисавӣ ва консертҳои хурди санҷишӣ мувофиқ аст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки аз теъдоди умумии утоқҳои корию синфхонаҳои дарсӣ, ки шумораашон ба 90 адад мерасад, 42 синфхона бо 140 ҷойи нишаст ба Коллеҷи ҷумҳриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва 48 синфхона бо 320 ҷойи нишаст ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов рост меояд, ки ҳамагӣ мутобиқ ба стандартҳои замони муосир сохта шудаанд.
Дар баробари утоқҳои корию синфхонаҳои муосир, ҳамчунин Коллеҷ дорои 8 толори барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун пешбинӣ гардида, шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Қобил ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова» соли 2003 таъсис дода шуда, дар он мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тайёр карда мешаванд.
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз зумраи муассисаҳои фарҳангиест, ки дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг нақши бориз дорад.
Муассиса соли 1945 ҳамчун омӯзишгоҳи мусиқӣ ташкил ёфта, баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2014 ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» табдили ном кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ