Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзол дар Бӯстон

18 ноябр  бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-и шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзол  ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар ин корхона 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад.

«Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Гуфта мешавад, ки технологияи корхона аз Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *