Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар Норак

Имрӯз, 30 август дар шаҳри Норак  бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ» оғози расмӣ бахшида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған аст.

“Маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи «Равғани олии Норак», мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ашёи хом, яъне офтобпараст барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Барои дар шароити хуб нигоҳ доштани он 4 зарфи махсус, ҳар яке бо ғунҷоиши то 60 тонна маҳсулот дастрас ва васлу насб гардидааст.

Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд карда шудааст.

“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати саҳм гузоштан дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар намуна ва арзандаи дастгирӣ маънидод карда, бунёди корхонаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот омили муҳим арзёбӣ намуданд”,-хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *