Ифтитоҳи Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дар пойтахт
27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
“Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ