Ифтитоҳи мактаби нав дар Конибодом

Имрӯз, 10 сентябр бо иштироки Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ба истифода дода шуд.

“Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхона ва бойгонӣ мебошад”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Бинои  нави мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар мактаб 29 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки 27 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.

“Аксари мутахассисони ин даргоҳи илму маърифат омӯзгорони ҷавон мебошанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *