Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар Хуҷанд

19 ноябр  бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази саломатии «Луқмони Ҳаким» ифтитоҳ ёфт.

Дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндо-ҷарроҳӣ ва ҳамчунин ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин муассисаи тиббӣ табибони баландихтисос, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ  50 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

 Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳӣ бо таҷҳизоти томографияи магнитию-резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиография, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти литотрипсияи нави муосир, даруннигарӣ, ташхиси ултрасадо, озмоишгоҳ, табобати физиотерапевтӣ бо намуди лазерӣ, магнитотерапия ва зарбаи мавҷӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *