Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар Ёвон
Имрӯз, 7 ноябр, дар доираи сафари Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон, Маркази саломатии деҳотӣ ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ба истифода додани иншооти мавриди назар, роҳбарияти Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Маркази саломатии деҳотӣ бо саҳми мардуми маҳал, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд шудааст. Иншооти мавриди назар аз ҳуҷраи бақайдгирӣ, духтури занона, сузандоругузаронӣ, хатна, духтури кӯдакона, эмгузаронӣ ва дигар иборат буда, дар оянда барои 3 ҳазору 500 нафар хизмат хоҳад кард.
Маркази саломатии деҳотӣ аз ҳисоби Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ