Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар Бӯстон
Имрӯз, 18 ноябр дар идомаи сафар ба вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор дод.
Гуфта мешавад, ки ин марказ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст.
“Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд аст.
Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи низ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ