Ифтитоҳи осорхона дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дар назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи умумидонишгоҳӣ ифтитоҳ карда шуд.
Бино ба иттилои ДМТ, ин иқдом бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки 18-уми апрел мебошад, амалӣ гардидааст.
Дар ифтитоҳи Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвақтзода ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намудаанд.
Таъкид мешавад, ки осорхона бо мақсади муаррифии дастовардҳои факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин, дар осорхона таҷҳизоти муосири илмиву амалӣ насб карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ