Ифтитоҳи бинои нави шӯъбачаи милиса дар н.Бохтар

  Дар  ноҳияи Бохтар бинои нави шуъбачаи милитсия ифтитоҳ шуд. Дар маросими кушодашавии шуъбача  вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Бохтар иштирок доштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, бинои хушсохти шуъбачаи милитсия бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми шароити корӣ ва хизматӣ таъмин карда шудааст. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар воситаҳои техникию алоқа муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуда, бо  фаъолияти хизматӣ ва шароити онҳо  аз наздик шинос шуд. Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бояд ҳамеша омода ва бо мардум робитаи зич дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *