Ифтитоҳи «Дунёи Нав» дар Душанбе
Имрӯз дар кӯчаи “Соҳилӣ”-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” расман оғоз бахшиданд.
Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дар масоҳати 9000 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он шароити арзанда барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи аввали корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон қолинҳои дастбофи рангорангро омода месозанд.
Корхонаи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре маълум гашт, қаблан ин занон давоми чанд моҳ дар марказҳои касбомӯзии мамлакат нозукии касби мазкурро ҳамаҷониба омӯхтаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки арзиши лоиҳавии ин иншоот 13,2 миллион сомониро ташкил дода, тарҳи он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком” омода гардидааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ зиёда аз 200 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб гардида буданд ва дар муҳлати кӯтоҳ бинои мазкур бо тарҳу намои муосиру сифати баланд қомат афрохт.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ошёни 7-уми бинои “Дунёи нав” шароити арзанда барои фаъолияти нафарони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз ин шароит, онҳо имконият доранд, ки ба дӯхтани сару либос машғул гардида, ба ин васила даромади хуб ба даст оранд. Дар дигар ошёнаҳои ин бинои тозабунёд низ нафарони соҳибкасб ба дӯхтани рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача, сару либос, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ машғуланд.
Ба иттилои масъулин, дар ин иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Тавре иброз гардид, дар оянда соҳибкори мазкур ҳадаф дорад дар шафати ин бино боз маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, аквапарк, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии коммуналию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ А” ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми ҳамин гуна соҳибкорони ташаббускорро намунаи ибрату боиси дастгирӣ хонданд.
То ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт 70 иншоот бо маблаги беш аз 1,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба маблағи беш аз 644,8 миллион сомонӣ бо беш аз 3500 ҷойи корӣ, 7 адад муассисаҳои томактабӣ, барои 979 ҷой, бо маблағи 38,4 миллион сомонӣ аз ҷумла 469 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бо маблағи 19,5 миллион сомонӣ ва 510 ҷой ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, панҷ адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба маблағи 60,7 миллион сомонӣ барои 3120 ҷой, аз ҷумла 1920 ҷой ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ва 1200 ҷой ба маблағи 23,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ, 30 адад манзили истиқоматии баландошёна бо масоҳати 306,3 ҳазор метри квадратӣ, биноҳои маъмурӣ бо масоҳати 4590 метри квадратӣ, 7 адад маҷмааи савдову хизматрасонӣ бо масоҳатӣ 64 ҳазор метри квадратӣ бо беш аз 1000 ҷойи корӣ, роҳҳои мошингард 19,34 км. сохта ба истифода дода шудаанд. Инчунин аз ҳисоби бахши хусусӣ 42 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо шумораи умумии беш аз 2000 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар маҷмуъ дар соли ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон дар шаҳри Душанбе на кам аз 125 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ ва бо шумораи 20 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ