Ифтитоҳи маркази савдои «Самарқанд» дар Бӯстон

Дар заминаи таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  маркази савдои «Самарқанд» ба истифода дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи маркази савдои мазкур раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён  ва дигарон иштирок  намуданд.

Зикр шуд, ки ин иқдоми соҳибкорони шаҳри Бӯстон дар заминаи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоати кишвар, ки зимни он мардум ба бунёдкорию созандагӣ ва анҷом додани корҳои хайру савоб даъват карда шуданд, ба миён омад.

Маркази савдои «Самарқанд» яке аз калонтарин марказҳои савдои шаҳри Бӯстон ба ҳисоб рафта, сокинон имкони бо нархҳои дастрас харидани маҳсулоти ниёзи аввалро пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин маркази савдо бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ёдгор Мамадов ва Абдулҳай Шарипов таҷдид ва навсозӣ гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *