Ифтитоҳи «роҳи канори Тоҷикистон» аз суйи Каримов ва Ҷинпин
Президенти Узбкистон ва Чин роҳи оҳани Ангрен-Попро ифтитоҳ карданд.
Ифтитоҳи роҳи Ангрен-Поп ниёзи Узбакистон ба роҳи қаламрави Тоҷикистонро аз байн мебарад.
Расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд, ки Ислом Каримов, президенти Узбакистон ва Син Ҷинпин, президенти Ҷумҳурии халқии Чин бо пахши тучмачаи чароғаки роҳнамо барои аввалин бор ҳаракати нахустин қатори мусофирбар аз тариқи нақби «Қамчиқ»-ро иҷозадаанд. Президенти Узбакистон Ислом Каримов дар расми ифтитоҳи роҳи мазкур угфт, ин ҳодисаи муҳими таърихӣ барои Узбакистон аст.
Ин нақб дарозтарин нақб, яъне ба дарозии 19,2 киллометр дар кишварҳои Осиёи Миёна ягона мебошад, ки бо маблағи 455 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати чинии “China Railway Tunnel Group” сохат ва ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, роҳи Ангрен-Пок 125 киллометр масоҳат дорад ва дар дар сохмони он беш аз 2 миллиард доллар сарф шудааст. Ин роҳ водии Фарғонаро бо дигар минтақаҳои Узбакистон пайваст мекунад.
Тариқи ин ағба ягона роҳи автомобилгардест, ки Тошкандро бо водии Фарғона мепайвандад ва дар фасли сармо он баста шуда аз роҳе дар шимоли Тоҷикистон истифода мешуд.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон соли 2013 дар Шӯрои намояндагони мардумии вилояти Андиҷон масъалаи бунёди ин роҳро ба миён гузошта, гуфта буд:“Дар водии Фарғона беш аз 10 миллион нафар ба сар мебарад. Мо ғалат мекунем, агар ба набудани як роҳи оҳан, ки ин водиро бо қисмати дигари кишвар мепайвандад, аҳамият надиҳем. Ин масъала бояд то соли 2014-2015 ҳалли худро ёбад ва ин роҳ бояд то соли 2016 мавриди истифода қарор гирад”.
Вале худи ҳамон сол торнамои «Узметроном» аз забони иқтисодшиносон ин масъала матраҳ карда буд, ки роҳи мазкур хароҷоташро ҳатто дар давоми 300 сол ҳам пушонида наметавонад. Ин тонома навишт, бунёди ин роҳ бештар хусусияти сиёсӣ дорад, то иҷтимоӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ