«Ҷигари ман”-и Садриддини Наҷмиддин ҳама рекордҳоро зад!

Таронаи нави овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддинро бо номи «Ҷигари ман” дар байни ҳамагӣ ду рӯз дар Интернет алакай қариб 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Зоҳиран «Ҷигари ман”-ро фатҳи рекордҳои наве дар пеш аст.

Ширкати «RaminMansour Production”, ки чанд таронаи ахири Садриддини Наҷмиддин тавассути ҳамин ширкат ба бозор даромад, рӯзи 27 июн суруди нави ин ситораи эстрадаи тоҷикро бо номи «Ҷигари ман” нашр кард. Продюсери тарона худи Ромин Мансур,муаллифи шеърашҲумоюн Дурахшон ва муаллифи оҳанг Алекс Ибодӣ мебошанд.

Ин таронаро дар саҳифаи ширкати «RaminMansour Production” дар Ютуб дар ҳамагӣ ду рӯзи аввал қариб 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд, ки як натиҷаи бесобиқа ё рекордӣ шумурда мешавад.

Зоҳиран Садриддини Наҷмиддин бо «Ҷигари ман” метавонад ба шикастани рекорди таронаи дигари рекордиаш «Рӯъё”, ки аз моҳи апрел ба ин тараф алакай қариб 2,8 миллион тамошобин ҷамъ кардааст, азм кунад.

Клипи таронаи «Ҷигари ман” дар сабки ретро – бо истифода аз мошинҳои қадимисохт ва дар муҳити биноҳои низ сохташон қадим – сабт шудааст.

Ин тарона низ мисли таронаи «Ширин”, ки ду ҳафта пеш ба бозор даромад, асосан ба бозори тамошобинони эронӣ нигаронида шудааст ва Садриддини Наҷмиддин онро бо лаҳну гӯиши хоси зодагони Эрон иҷро кардааст.

Матни тарона аз Ҳумоюн Дурахшон дар зоҳир хеле сода аст, вале кашише дорад, ки тавонистаанд дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳи алакай метавон гуфт, садҳо ҳазор нафарро ба худ бикашад:

Наёмадӣ, бе ту

Шаби ман торике,

Бо ман бошӣ, ишқам,

Дунё романтике.

Ва аммо нақароти ин тарона ба гунаест, ки ба гӯиши ҳам Эрону ҳам Афғонистон ва ҳам Тоҷикистон мехӯрад ва зери авҷи навои мусиқии Алекс Ибодӣ хеле гӯшнишину дилнишин садо медиҳад:

Ҷигари ман, асали ман,

Имшаб биё бағали ман.

Дилбари ман, дунёи ман,

Маҳтоби хушгили шабҳои ман.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *