Додситонии кулли Русия бо сафари корӣ ба Душанбе меояд

Игор Краснов, додситони кулли Русия тасмим дорад рӯзи 30 сентябр аз Тоҷикистон дидан кунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

«Додситони кулли Русия рӯзҳои 29-30 сентябр ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафар мекунад»,- иттилоъ додааст сомонаи расмии прокуратураи генералии Русия.

Қайд карда мешавад, ки 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон Краснов бо сафари корӣ аз Тошканд боздид мекунад. Дар ҷараёни сафар додситони кулл бо ҳамтои ӯзбекаш Ниъматулло Юлдошев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Қарор аст, аз Тошканд Игор Краснов ба Тоҷикистон ояд ва дар назар аст ӯ бо раисҷмҳури ҷумурӣ Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кунад.

Ҳамчунин мулоқоти дар назар аст, ки зимни Краснов зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон низ дидору гуфтугӯ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *