Ихроҷи 14 ҳоҷии ӯзбекистонӣ аз Арабистони Саудӣ
Арабистони Саудӣ 14 тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистонро ихроҷ кард, ки ба қасди ҳаҷҷи умра ба он кишвар рафта буданд.
Ба иттилои Кумитаи умури дини девони вазирони Ӯзбекистон, ширкати сайёҳие аз шаҳри Андиҷон рӯзи 26 ноябр 14 шаҳрвандро бо визаҳои тақаллубӣ ба Арабистони Саудӣ фиристодааст.
Мақомоти Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки визаҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон бекор ва худи шаҳрвандон аз кишвар ихроҷ шудаанд.
«Консулгарии Ӯзбекистон дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва намояндагони ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба шаҳрвандон кӯмак расониданд. Ҳамаи 14 шаҳрванд рӯзи 27 ноябр ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд», — хабар доданд аз кумитаи умури дини Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ