Ихроҷи 30 муҳоҷири тоҷику ӯзбек аз Қазоқистон

Бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аз қаламрави Қазоқистон пулиси шаҳри Алма-Ато 30 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро ихроҷ кардааст.

Бино ба иттилои Polisia.kz, кормандони пулис 30 нафарро рӯзи 3-юми сентябри соли 2023 дар автобуси махсус бор карда, ба гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон овардаанд ва аз ҳамин гузаргоҳ аз Қазоқистон берунашон кардаанд.

Қазоқистон аз ҷиҳати хуб будани шароити корӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар ҷои дуюм меистад. Онҳое, ки барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират аз Русия ронда шудаву аз ҳақи убури марзи ин кишвар барои чанд сол маҳрум гардидаанд, худро ба бозори кори Қазоқистон мезананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *