Ихроҷи даҳҳо шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон
Давоми ҳафтаи охир даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки дар Тоҷикистон паноҳанда буданд, аз кишвар ихроҷ шуданд. Манбаъҳо теъдоди онҳоро беш аз 60 нафар арзёбӣ кардаанд.
Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки ин нафарон бо далоили гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон берун карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ