Ихроҷ шудани ҳамҷинсгарои тоҷик аз Туркия
Туркия як ҷавони ҳамҷинсгарои тоҷикро, ки дар як Маркази дилхушӣ дар Истамбул кор мекард, ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Мақомоти турк моҳи гузашта дар ҳоле ӯро ихроҷ карданд, ки дар пайи як санҷиш дар хуни ӯ вируси норасоии масъунияти бадан ё худ ВИЧ\СПИД кашф шудааст.
Фотеҳи 34-сола мегӯяд, ҳафт соли пеш барои кор ба Русия рафт. Се соли пеш дӯстонаш барои ӯ дар як маркази дилхӯшӣ дар Истанбул кор пайдо мекунанд ва ӯ ба Туркия меравад. Фотеҳ мегӯяд, дар маркази дилхушӣ ба ҳайси пешхизмат, раққос кор карда, духтарони раққосаро низ тамрини машқ медод. Ӯ гуфт, вақте дар хунаш вируси норасоии масъунияти бадан пайдо шуд, бовар накард.
«Намедонам ин вирус аз куҷо ва аз кӣ ба ман гузаштааст. Вазъи саломатиам ҳам нохуб буд ва вақте гуфтанд, ки бояд биравам, баргаштам. Ҳоло таҳти табобат ва назорати духтурон қарор дорам”, — гуфт ӯ. Фотеҳ мегӯяд, вақте ба Тоҷикистон баргашт, ноумед шуда буд ва дигар намедонист чӣ кор кунад. Касе намедонист, ки ӯро аз Туркия ихроҷ кардаанд.
Дӯстонаш аз вазъи ӯ ба созмонҳои кор бо ҳамҷинсгаро хабар доданд, то ба ӯ кӯмак кунанд. Акбар Ҳомидов, корманди ин созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, Фотеҳро дар як вазъи хеле бад пайдо карданд. Ӯ гуфт, ҳоло ӯро назди пизишкон бурданд ва аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барояш кӯмак мекунанд. “Вазъи рӯҳиаш бад буд. Бисёр менӯшид ва эҳтимоли ин вуҷуд дошт, ки бо дигарон алоқа кунад. Хавфи асосӣ ҳамин буд. Мо тамоми талошамонро ба харҷ додем, ки ӯро ба табобат ҷалб кунем ва ҳамроҳаш кор кунем, то дигаронро сироят накунад. Мо ба ӯ кӯмаки равонӣ мерасонем”, — афзуд Акбар Ҳомидов.
Ахиран сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон феҳрасти наздики 370 ҳамҷинсгароро таҳия карданд ва гуфтанд, ки ин афрод ба «гурӯҳҳои осебпазир» шомил мешаванд ва бояд ба «қайди оперативӣ» гузошта шаванд. Теъдоди ҳамҷинсгароён дар амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи шартии “Ахлоқ” ва “Поккорӣ”, ошкор ва мушаххас шудаанд. Ҳарчанд мақомот 370 ҳамҷинсгароро руйхат кардаанд, вале ҳанӯз шумораи дақиқи онҳо дар Тоҷикистон маълум нест. Чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд. Ин оморро мақомот рад карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ