Ихтироъи “профессор Ризоев” — кумак ба маъюбон ва равшанӣ ба деҳот

Маҳмудҷон Ризоев, як навраси 15-сола аз Тоҷикистон барои одамони имконияти ҳаракаташон маҳдуд квадрисикл сохтааст. Газ ва тормози ин мошин дар қисмати чанбари фармонаш насб шуда, квадрисикли сохтаи Маҳмудҷон аз батареяи офтобӣ ва генератор кор мекунад ва ба сӯзишвориву нерӯи барқ эҳтиёҷ надорад.

Маҳмудҷон, ки ӯро дар хона барои ҳушмандиаш “профессор Ризоев” ном мебаранд, ин мошинро дар муддати 3 моҳ сохтааст.

Маҳмудҷон Ризоев мегӯяд, ки мехост ба мардуми имкониятҳояшон маҳдуд кумак расонад. Ӯ мегӯяд: “Бо кумаки нерӯе, ки батареяҳо тавлид мекунанд, мо метавонем бо боварӣ масофаҳои тӯлониро тай кунем. Квадрисикли сохтаи ман аз нигоҳи иқтисодӣ хароҷоти иловагӣ надорад ва ба табиат низ зарар намерасонад”.

Ҳоло Маҳмудҷон Ризоев дастгоҳи инноватсиониеро такмил карда истодааст, ки барои таъмини равшанӣ дар хонаҳо, бахусус дар шароити куҳистон, истифода хоҳад шуд. Ӯ мехоҳад ин сохтаи худро дар олимпиадаи шаҳрӣ ба намоиш гузорад.

Муовини мудири Литсейи инноватсионии Душанбе Гулнора Аҷиҷимил ба “МИР 24” гуфтааст: “Ӯ ҳар сол дар ҳама олимпиадаҳо иштирок мекунад. Фанни аз ҳама дӯстдоштаи Маҳмудҷон физика аст, чунки ин фан ба кашфиёти ӯ алоқамандӣ дорад”.

Маҳмудҷон нақшаву орзуҳои бузург дорад. Ӯ мехоҳад забонҳои хориҷиро биомӯзад ва сохтаҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш бигузорад.

“Ман мехоҳам дар ягон донишгоҳи муътабари Амрико меъмориро биомӯзам ва дар оянда Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунам”,- мегӯяд ин хонандаи мактаб.

А. АЗИЗОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *